Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Идомаи маҳкумияти нақшаи сӯзондани "Қуръон"


Дабири кулли паймони низомии НАТО Андерс фог Расмуссен ва сафорати Амрико дар Кобул имрӯз қасди як калисои хурд ҷиҳати сӯзондани нусхаҳои китоби барои мусалмонон муқаддаси “Қуръон”-ро маҳкум карданд.
Қаблан фармондеҳони низомии Амрико, бо шумули генерал Девид Петреус, Dove World Outreach Center, як калисои мақараш дар Флоридаи Амрикоро алайҳи сӯзондани нусхаҳои "Қуръон" ҳушдор дода, гуфтаанд, ин иқдоми иғвоангез метавонад ҳаёти амрикоиҳоро зери хатар гузорад. Генерал Уилям Калдвелл дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт: “Аъмоли тунди онҳо амалан амнияти мардону занони ҷавонеро, ки либоси низомӣ дар тан дар инҷо адои хидмат мекунанд, дучори хатар карда, он аҳдоферо ҳам, ки мо талош дорем ба даст биорем, барбод медиҳад.”
Калисои Dove World Исломро “дини хушунаткор ва мустабид” номида, гуфт, пайравонаш мехоҳанд дар солгарди 9-уми ҳамлаҳои 11 сентябр нусхаҳои “Қуръон”-ро ба оташ диҳанд.
XS
SM
MD
LG