Пайвандҳои дастрасӣ

Аксари ҳунармандони тоҷик, ки собиқаи фаъолият дар замони шӯравиро доранд, шикоят аз он мекунанд, дар он давра ҳатто озодии интихоби матни суруду саҳнаро надоштанд ва дар замони истиқлолияти кишвар аз озодиҳои зиёд бархурдоранд.

Дар ин маврид онҳо маъмулан қиссаи «каллаи пӯсида»-ро ба ёд меоранд, ки ин маврид мешавад мо низ аз он хеле кӯтоҳ ҳикоят кунем.

Замони шӯравӣ як ҳунарманди тӯйгард дар як маърака бо алам ва чашмони пӯшида, суруди мазҳабии «Каллаи пӯсидаи аз тан ҷудо»-ро мехонд. Баъди якум мисраъ чашм кушода ва дар гӯшаи тӯйхона котиби кумитаи ҳизби минтақаро мебинад ва дубора чашмонро пӯшида идома медиҳад: «Мо ба он калла шудем ошиқи зор».

Ин шояд як қиссаи тахайюлие ба хотири нишон додани саҳнаи муносибат ба ҳунару ҳунармандон бошад. Вале он қиссаи гузашта буд. Аммо имрӯз чӣ?

Оё истиқлолият ба озодии сурудхониву ҳунарварӣ ва фаъолияти ҳунармандони Тоҷикистон чи нақше гузоштааст ва ҳунармандон ба истиқлолияти Тоҷикистон чи гуна арҷ мегузоранд?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG