Пайвандҳои дастрасӣ

Варзишгарони ҷавони тоҷик дар дуввумин Бозиҳои варзишии Авруосиёии наврасон, ки дар шаҳри Қазони Русия ҷараён дорад, 11 медал ба даст оварданд. Онҳо дар ду рӯзи мусобиқот дар ду намуд – гуштии дзю-до ва бокс 1 медали тилло, 1 нуқра ва 9 биринҷӣ гирифтанд.

Раҳбари ҳайати варзишии Тоҷикистон Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар, ба радиои Озодӣ гуфт, дар ин бозиҳо, ки ба ҷашни 10-солагии таъсисёбии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё бахшида шудааст, беш аз 1000 варзишгари навраси синни аз 13 то 17-сола аз шаш кишвари ширкаткунандаи Авруосиё – Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон аз рӯи 14 навъи варзиш рақобат мекунанд.

Ҷаноби Мирзоев афзуд, 49 варзишгари навраси Тоҷикистон дар 7 намуд - бокс, варзиши сабук, волейбол (духтарон), гуштии юнониву румӣ, дзю-до, тенниси рӯи миз ва шиноварӣ ширкат меварзанд.

Дар ду рӯзи Бозиҳо варзишгарони тоҷик дар ду намуд –гуштии дзю-до ва бокс 1 медали тилло, 1 медали нуқра ва 9 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Муҳаммад Мирзоев, паҳлавони ҷавони тоҷик, дар рақобатҳо дар навъи дзю-до дар вазни то 66 килограмм бар ҳамаи рақибонаш дастболо шуда, мақоми аввалро касб кард ва бо медали тилло сарфароз гашт.

Се гуштигири дигари тоҷик – Асадулло Тоиров дар вазни то 55 кг, Саидмухтор Расулов дар вазни то 66 кг ва Искандар Ашӯров дар вазни то 73 кг соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд. Дар ду вазни дигар, мусобиқа 8-уми сентябр баргузор мешавад.

Дар сабқати бокс муштзанҳои тоҷик як медали нуқра ва 6 медали биринҷиро азони худ карданд. Наим Азизов дар вазни то 57 кг ҷои дуввумро соҳиб шуд ва медали нуқра гирифт. Файзмаҳмад Малахбеков дар вазни то 46 кг, Фаридун Худойназаров дар вазни то 48 кг, Шавкат Раҳимов дар вазни то 54 кг, Шариф Шарифзода дар вазни то 60 кг, Меҳроб Иброҳимов дар вазни то 63 кг ва Ҳалимбой Зокирбоев дар вазни то 70 кг ҷойҳои севумро касб карданд.

Варзишгарони тоҷик, то рӯзи 11-уми сентябр, инчунин, дар навъҳои варзиши сабук, волейбол (духтарон), гуштии юнониву румӣ, тенниси рӯи миз ва шиноварӣ ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG