Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

32 миллиард доллар зиёни худкушиву депрессия


Давлати Ҷопон гуфт, худкушиву афсурдагӣ дар соли гузашта, ки нуқтаи авҷи ин падида буд, барои иқтисоди ин кишвар қариб 32 миллиард доллар тамом шудааст. Дар нахустин чунин баровард, Токио гуфт, ин маблағ пардохтҳои иҷтимоиву хароҷоти табобати афроди афсурдаҳол, даромади аздастрафтаи афроди ниёзманд ва афроди даст ба ҷони худ зада ва омилҳои дигарро дар бар мегирад. Соли гузашта дар Ҷопони ҷамъияташ 127 миллион нафар тақрибан 33 000 мавриди худкушӣ сабт шудааст ва ин кишвар аз лиҳози мизони худкушӣ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро ба худ ихтисос додааст.
XS
SM
MD
LG