Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Азимбек Бекназаровро ба бемористон бурдаанд


Муовини сарвазири Қирғизистон Азимбек Бекназаров ба бемористон мунтақил шудааст. Расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд, ки ӯро бо аломатҳои заҳролудшавӣ ба бемористон бурдаанд. Аммо мушовири Бекназаров гуфт, ҳанӯз иллати ӯ ташхис нашудааст. Бекназарови 54-сола моҳи гузашта дар пайи даст кашиданаш аз ширкат дар интихоботи парлумонии моҳи октябр расман муовини сарвазир таъйин шуд. Ӯ мухолифи қарори ҳукумат ҷиҳати истиқрори нирӯҳои пулиси САҲА дар ҷануби Қирғизистон буда, зимнан аз шаҳрдори баҳсбарнгези Ӯш Мелис Мирзоаҳмадов пуштибонӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG