Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди Отунбоева ба аҳзоби сиёсӣ


Роза Отунбоева, президенти Қирғизистон ба аҳзоби сиёсӣ ҳушдор дод, ки агар дар остонаи интихоботи порлуонӣ авзоъ ба ташаннуҷ рӯбарӯ шуда, якпорчагии Қирғизистон зери суол қарор гирад, вазъи изтирорӣ эълон хоҳад кард.

Вай афзуд, ки дар ин сурат интихоботи парлумонӣ низ баргузор нахоҳад шуд. Роза Отунбоева ин матлабро дар форуме баён кард, ки таҳти унвони «Риояи қонун гаранти баргузории интихобот дар фазои амн аст» баргузор шуд ва дар он намояндагони ҳукумат, ҳамчунин 29 ҳизби сиёсӣ ва беш аз 60 созмони ғайридавлатӣ ширкат карданд.

Раиси ҷумҳурии Қирғизистон гуфт, ки интихоботи қарибулвуқӯъ дар рушди демократия ва сарнавишти кишвараш аҳамияти муҳимро касб хоҳад кард. Аммо вай дар пай нигаронии худро перомуни он ки оё дар интихоботи парлумонӣ аҳзоби сиёсӣ байни ҳам сабқати мутамаддин хоҳанд кард ё на низ баён намуд.

"Подош, фишор ва аксуламал якпорчагиро таҳдид мекунад"


Роза Отунбоева гуфт, ки баъзе аҳзоби сиёсии кишвараш расидагӣ ба ҳадафҳои худро аз ҳама авло мешуморанд, ки баргузории интихоботро метавонад зери суол қарор диҳад.

Ба гуфтаи президент Отунбоева аҳзоби сиёсӣ аз истифодаи фишор болои раъйдиҳандагон ва аз таъсиси аксуламалҳо, ки ба якпорчагии Қирғизистон таҳдид мекунад, бояд парҳез кунанд.

Ӯ гуфт, ҳукумат омодааст, ки барои ҳамаи аҳзоби даъвогари курсиҳои парлумонӣ шароити яксон фароҳам оварад ва кафили бозу шаффоф баргузор шудани интихоботи парлумониро таъмин кунад.

Роза Отунбоева тавассути подош ҷалб кардани раъйдиҳандагонро хилофи қонун маънидод кард.

Бино ба суханони президент ҳифзи марзҳои давлатии кишварашро артиш ва нерӯҳои марзбонӣ бар ӯҳда доранд ва таҳдиди ягон нерӯ аз берун дар баргузории интихобот монеа эҷод нахоҳад кард.

"Ҳизбҳои қавитар аз ҳукумат"

Аликбек Ҷекшенқулов, раиси Ҳизби «Адолат» иброз дошт, ки артиши кишвараш ҳифзи якпорчагии Қирғизистонро таъмин карда наметавонад. Ба гуфтаи ӯ изҳороти президент Отунбоева дар ин маврид бепояву асос аст.

Омурбек Бабанов, собиқ ноиби аввали нахуствазир ва раиси Ҳизби сиёсии «Республика» гуфт, ки баъзе аҳзоб соҳиби маблағҳои калон ҳастанд ва ҳатто дар нерӯмандӣ аз ҳукумати вақти кишвараш қавитаранд.

Ба гуфтаи Омурбек Бабанов ин аҳзоб маблағҳои калон харҷ мекунанд ва аз воситаҳои ахбор фаровон кор мегиранд, то ки дар интихобот пирӯзӣ бар ҷониби онҳо шавад.

Аммо Темир Сариев, раиси Ҳизби «Ақ Шумқор» Бабановро муттаҳам кард, ки барои ҷалби мардум пули зиёд ихтисос додааст ва ин пул аллакай ба дасти интихобкунандагон расидааст.

Эдил Байсалов, раиси Ҳизби «Айкӯл эл», мӯътақид аст, ки инқилоби 7 апрел дар соири маҳалҳои кишвараш ягон дигаргунӣ ворид накард ва мақомоти маҳаллӣ чӣ будани интихоботи шаффофу демократиро намедонанд. Ба таъкиди Байсалов гузашта аз ин раисони ҳукуматҳои вилоят ва ноҳияҳо намегузоранд, ки мардум тибқи хоҳиши хуб ба ин ё он ҳизби сиёсӣ бипайвандад.

Нигаронӣ аз силоҳи дасти мардум дар ҷануб

Чолпон Ҷакупова, раҳбари созмон ҳуқуқи башари «Адолат», дар Форум ибрози ташвиш кард, ки интихоботи парлумонӣ дар фазое сурат хоҳад гирифт, ки дар дасти мардуми самти ҷануб силоҳи зиёди оташфишон боқӣ мондааст.

Ба гуфтаи ӯ, бар илова раҳбарони баъзе аҳзоби сиёсӣ худро бо муҳофизони мусаллаҳ иҳота гирифтаанд, ки хилофи қонунгузориҳои Қирғизистон мебошад.

Қувватбек Бойболов, вазири дохилаи Қирғизистон итминон дод, ки интихоботи парлумонӣ дар фазои амну субот баргузор хоҳад шуд. Оқои Байболов мегӯяд, агар баъзе нерӯҳо талош намоянд, ки аз роҳи баргузор кардани аксуламалҳо раванди интихоботи парлумониро халалдор созанд, кормандони вазорати дохила аксуламали онҳоро ба нокомӣ мувоҷеҳ хоҳанд кард.

Аммо Азиза Абдурасулова, як ҳомии ҳуқуқи башар иброз дошт, ки авзоъ дар кишвараш ҳанӯз муташанниҷ боқӣ мондааст ва ин авзоъ метавонад баргузории интихоботи парлумониро ба хатар рӯбарӯ кунад.

Дар поёни Форум намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ аз президент Роза Отунбоева дархост карданд, ки ҳукумати муваққатро пароканда эълон кунад, вале Отунбоева дар қиболи ин дархост ягон вокуниш нишон надод.
XS
SM
MD
LG