Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон: Қазияи оштиёнӣ масъалаи ҳуқуқи башар нест


Эрон имрӯз гуфт, кишварҳои хориҷӣ набояд дар низоми ҳуқуқии ин кишвар дахолат варзида, масъалаи ҳуқуқи башар сохтани қазияи занеро, ки бо ҷурми зино ба қатл аз роҳи сангсор маҳкум шудааст, бас кунанд. Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон Ромин Меҳмонпараст гуфт, ин ҳама сарусадо ба пояи маълумоти ҷаълӣ дар бораи Сакина Оштиёнӣ бино ёфтааст.
Оштиёнии 43-сола ва соҳиби 2 фарзанд бо ҷурми зино маҳкум ба эъдом шуда, ба ҳамдастӣ дар қатли шавҳараш низ айбдор мешавад. Аммо қазияи ӯ мавҷи хашми байналмилалиро барангехт. Имрӯз Жозе Баррозо, раиси Куммиссиюни Аврупо низ ҳукми Оштиёниро ҳукме барбарона хонда, маҳкум кард: “Ман вақте шунидам, ки Сакина Оштиёнӣ ба қатл бо роҳи сангсор маҳкум шудааст, таккон хӯрдам. Ин бечунучаро як амали барбарист.(Чаппакзанӣ) Мо дар Аврупо чунин аъмолро, ки ягон меъёри маънавиву динӣ наметавонад тавҷеҳаш бикунад, маҳкум мекунем.”
Хабарҳои расида аз Эрон мегӯянд, шояд ҳукми сангсор лағв шуда, Оштиёниро ба дор бикашанд.
XS
SM
MD
LG