Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Бародаъӣ ба таҳрими интихоботи Миср


Раҳбари мухолифини Миср Муҳаммад Бародаъӣ ба таҳрими интихоботи парлумонии моҳи ноябр даъват кардааст. Ассошиэйтед Пресс аз қавли раиси собиқи Ожонси назорати нирӯи атомии СММ овард, ки гуфтааст, интихобот яқинан ба нафъи мақомоти ҳоким тақаллуб хоҳад шуд ва ширкат дар раъйгирӣ Мисрро ба демократияи воқеӣ нахоҳад расонд, балкӣ низоми сиёсии пӯшидаашро ҷомаи машрӯият хоҳанд пӯшонд.
Бародаъӣ, ки дар баробари тарафдоронаш дар Қоҳира сухан меронд, гуфт, ҳизби ҳоким аз ӯҳдаи идораи хуби Миср баромада натавонист ва натиҷаи кораш танҳо густариши фақру бесаводӣ ва сӯъиэҳтиром ба ҳуқуқи инсон шуд. Тарафдорони Бародаъӣ аз ин барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел хостаанд, соли оянда дар интихоботи раёсатҷумҳурии Миср ширкат биварзад. Раёсати Мисрро аз соли 1981, инак 29 сол боз Ҳуснӣ Муборак дар даст дорад.
XS
SM
MD
LG