Пайвандҳои дастрасӣ

Иқтисоди ИА имсол рушди баландтар хоҳад дошт


Раиси Куммиссиюни Аврупо Жозе Баррозо гуфт, эҳёи иқтисоди ИА суръат гирифтааст ва мизони рушд имсол назар ба пешбиниҳои қаблӣ баландтар хоҳад шуд. Аммо Баррозо дар нахустин паёми солонааш ба парлумони Аврупо дар Страссбург гуфт, сатҳи бекорӣ дар ИА беш аз ҳадд баланд боқӣ мемонад.
Раҳбари ниҳоди иҷроияи ИА афзуд, ислоҳоти сохторӣ дар 12 моҳи оянда суръат хоҳад гирифт ва ҳамаи 27 кишвари узви ин созмон бояд ваҳдати назари худро намоиш диҳанд.
Кишварҳои узви ИА ва минтақаи евро имсол дар панҷаи бӯҳрони шадиди қарз қарор доштанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG