Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози генералҳо ба қасди "Қуръон"-сӯзии як калисо


Фармондеҳони низомии Амрико як калисои хурди мақараш дар Амрикоро аз барномаи сӯзондани нусхаҳои китоби барои мусалмонон муқаддаси “Қуръон” ҳушдор дода, гуфтаанд, ин иқдоми иғвоангез метавонад ҳаёти атбоъи амрикоиро зери хатар гузорад. Генерал Уилям Калдвелл дар Кобул гуфт: “Аъмоли тунди онҳо амалан амнияти мардону занони ҷавонеро, ки либоси низомӣ дар тан дар инҷо адои хидмат мекунанд, дучори хатар карда, он аҳдоферо ҳам, ки мо талош дорем ба даст биорем, барбод медиҳад.”
Генерал Девид Петреус, фармондеҳи нирӯҳои НАТО ва Амрико дар Афғонистон гуфт, сӯзондани ин китоби муқаддас нафақат дар Афғонистон, балки дар ҳар куҷои дигари олам, ки амрикоиҳо бо ҷаҳони ислом иртибот доранд, мушкилоти ҷиддӣ эҷод хоҳад кард. Калисои Dove World Outreach Center, мақараш дар аёлати Флоридаи Амрико Исломро “дини хушунаткор ва мустабид” номида, гуфт, пайравонаш мехоҳанд дар солгарди 9-уми ҳамлаҳои террористии 11 сентябр нусхаҳои “Қуръон”-ро ба оташ диҳанд.
XS
SM
MD
LG