Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико гузориш дар бораи Эронро "ташвишовар" номид


Амрико гузориши ахири Ожонси нирӯи ҳастаӣ дар мавриди Эронро “ташвишовар” хонд ва гуфт, Эрон ҳамон дар пайи даст ёфтан ба тавлиди силоҳҳои ҳастаист. Сухангӯи Кохи Сафед Томмӣ Вийтор гуфт, ин гузориш “ҳокист, ки Эрон аз иҷрои тааҳҳудоти байналмилалии ҳастаияш сар печида, тавсиъаи барномаи ҳастаияшро идома медиҳад ва ба тавлиди силоҳҳои ҳастаӣ наздиктар мешавад.” Гузориши маҳрамони Ожонси ҳастаӣ, ки ба хабаргузориҳои ғарбӣ расидааст, мегӯяд, Эрон бо саркашӣ аз ироаи иҷозати вуруд ба кишвар ба нозирони ботаҷрубаи СММ монеъи таҳқиқи барномаҳои ҳастаияш мешавад. Бино бар ин гузориш, Эрон алорағми тақозои Шӯрои Амният ба ғанисозии ураниум ҳамоно идома медиҳад.
XS
SM
MD
LG