Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон "Шаҳри олимпӣ" хоҳад сохт


Ҳукумати Туркманистон як маъракаи густардаи пуштибонӣ аз тарҳи эҳдоси “Шаҳри олимпӣ” дар пойтахти ин кишвар, шаҳри Ишқободро шурӯъ кардааст. Давлати Туркманистон эълон кард, ки ба манзури иҷрои ин тарҳи бузург 1 миллиарду 900 миллион доллар ихтисос медиҳад.
Билофосила баъд аз эълони ин барнома, дар тамоми кишвар бо ҷалби идороту ширкатҳои давлативу хусусӣ ва макотиб нишастҳое барпо шуданд, ки дар он мардум ҳимояти худ аз ин тарҳи пурдағдағаро изҳор мекунанд. Масъулияти эҳдоси “Шаҳри олимпӣ” ба ширкати “Полимекс” вогузор шудааст, ки ахиран сохтмони 59-миллиондолларии донишгоҳи тиббии Туркманистонро анҷом дод.
“Шаҳри олимпӣ”-и Ишқобод 30 таъсисоти варзишӣ ва як майдони бузурги футбол барои 60 000 тамошобинро дар бар мегирад.
XS
SM
MD
LG