Пайвандҳои дастрасӣ

Ошкор шудани созмондиҳандагони қатли бозорком


Мақомоти вилояти Суғд созмондиҳандагони сӯъиқасд ба ҷони раиси собиқи бозори шаҳри Исфара Ҳомидҷон Каримовро ошкор ва боздошт кардаанд. “Азия Плюс” аз қавли манобеъаш дар вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки ин 4 нафар аксаран низ монанди бозоркоми собиқ аз рустои Сурхи ноҳияи Исфара будаанд. Бо иттиҳоми иҷрои ин сӯъиқасд ду сокини маҳаллӣ -Раҳимбой Раҳимов ва Фозил Комилов таҳти пайгард қарор доштаанд. Ҳомидҷон Каримов бо ҷароиме, чун зӯроварии шаҳвонӣ ба 9 соли зиндон маҳкум шуда, тоза шартан аз маҳбас раҳо ёфта буд. Мақомоти Тоҷикистон таркиши рӯзи 3 сентябр дар Хуҷандро, ки 2 корманди милисаро кушта ва 26 милисаи дигару 2 нафари мулкиро захмӣ ба ҷо гузошт, ба қазияи қатли бозоркоми Исфара рабт медиҳанд. Гуфта мешавад, ки ин афрод марбут ба Ҳаракати исломии Узбакистонанд.
XS
SM
MD
LG