Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафорати Амрико рӯзи истиқлоли Тоҷикистонро табрик гуфт


Сафорати Амрико дар Душанбе ҷиҳати равобити дарозмуддат бо Тоҷикистон ба манзури тақвияти ҳамкорӣ дар бахшҳои “амнияту рушд ва ҳокимияти шаффофу одил” изҳори омодагӣ карда ва ҳамчунон мардуми Тоҷикистонро ба муносибати рӯзи истиқлолияти миллӣ табрик гуфтааст.

Дар номаи сафорати ИМА омадааст, ки Вошингтон дар оянда чашмдори ҳамкориҳои тӯлонӣ бо мардуми Тоҷикистон аст. Сафорати Амрико тайи ин нома солгарди 19-уми истиқлолияти Тоҷикистонро ба мардуми тоҷик табрик гуфтааст.

Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон рӯзи 9 сентябри соли 1991, се моҳ пеш аз суқути Иттиҳоди Шӯравии пешин, аз сӯи порлумони вақти кишвар тасвиб шуда буд.

Амрико аз нахустин кишварҳоест, ки истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф ва сафоратхонаи худ дар Душанберо боз кард.

Ҳоло Амрико ба яке аз кишварҳои асосии кӯмакунандаи Тоҷикистон табдил ёфтааст. Танҳо мизони кӯмакҳои билоивази ин кишвар дар ин муддат, аз 1 миллиард доллар бештар шудааст.

Қаблан, дафтари матбуоти Оҷонсии омори Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки дар чаҳор моҳи аввали соли равон, аз январ то апрели соли 2010, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, дар миёни кишварҳои кӯмакрасон ҳамчунон дар бахши ёриҳои башарӣ ба Тоҷикистон, дар ҷои аввал қарор дорад

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG