Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанозаи Амонуллоҳ Неъматзодаро ба хок супурданд


Ҷанозаи Қорӣ Амонуллоҳ Неъматзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон имрӯз дар рустои Элоки ноҳияи Файзобод ба хок супурда шуд. Амонуллоҳ Неъматзода дирӯз бар асари бемории саратон дар синни 75 аз олам чашм пӯшид. Маъруфуллоҳ Раҳимов, ноиби марҳум дар Шӯрои уламо ӯро аз шахсиятҳои барҷастаи мазҳабии Тоҷикистон ном бурд.
Неъматзода соли 1997 муфтии Тоҷикистон интисоб шуд ва баъди барҳам хӯрдани муфтиёт ва таъсиси Маркази исломӣ раҳбарии Шӯрои уламои ин марказро бар дӯш гирифт. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як номаи таслият даргузашти Амонуллоҳ Неъматзодаро ба наздикони ӯ таслият гуфт. Дар ин нома гуфта мешавад, ки “хидматҳои Амонуллоҳ Неъматзода ҳамчун сарвари мусулмонони ҶТ дар пешрафти фаъолияти масҷидҳо, пешгирӣ аз ҳар гуна равияҳои тундраву ифротгаро намоён аст. Тўли солҳои фаъолияти худ номбурда дар интишори таълимоти мазҳаби ҳанафӣ, боло рафтани маърифати исломӣ… хидматҳои шоён намудааст.”
XS
SM
MD
LG