Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги мармузи рӯзноманигори белорусӣ


Ҷасади Олег Бебинин, сардабири сомонаи интернетии “Хартия 97”, шоми 3-юми сентябр, дар бӯстонсарояш дар наздикии шаҳри Минск ошкор шуд. Дирӯз баъд аз расми видоъ, Олегро дар оромгоҳи шаҳри Минск ба хок супориданд.

Додгустарӣ эълом намуд, ки эҳтимолан Бебенин худро овехтааст, чун дар маҳали ҳодиса ягон нишонае аз куштор ошкор нашудааст. Илова бар ин, дар назди ҷасади рӯзноманигор ду шишаи холии машруботи алкогол кашф шудааст.

Нобоварӣ ба наҳваи таҳқиқоти додгустарӣ

Дӯстону ҳампешаҳои Бебинин имкони худкӯшии ӯро қатъиян инкор намуда мегӯянд, ки ин хабарнигори 36-солаи бисёр фаъол, на дар оила ва на дар ҷои кораш ягон мушкили умда надошт ва баъд аз худ ягон паёме нагузоштааст.

Змитсер Бандаренка, ҳамоҳангсози сомонаи “Хартия 97”, бозрасонро дар иштибоҳона муайян кардани вақти марги Бебенин муттаҳам кардааст.

Тибқи навиштаи онҳо, марги рӯзноманигор 15 соат қабл аз вақти дар ҳуҷҷатҳои полис ва додгустарӣ мушаххас шуда ба вуқӯъ пайваст.
Дар сӮҳбат бо радиои Озодӣ, ҷаноби Бандаренка гуфт, ки бовар надорад ҳамкораш худкушӣ карда бошад:

“Бебенин дусти ман буд, ӯ журналист ва марди ҳақиқӣ буд. Мо дар вазъиятҳои бисёри мушкил ҳамроҳ будем, ва миёни дастаи мо, ӯ сардхунтарин буд. Барои ба поён расонидани ҳаёташ тавре, ки полис иддао дорад, ӯ ягон сабаб надошт. Мо ба ин тамоман бовар намекунем. Ӯ яке аз рукнҳои журналистикаи интернетӣ буд. Бидуни шубҳа мо ӯро пазмон мешавем.”

Тибқи хабарҳо, охирин бор Бебенинро нимаи дуввуми рӯзи 2 сентябр дидаанд ва ӯ аз тариқи телефон дӯстонашро ба синамо даъват карда буд. Ҷасадашро шоми 3-юми сентябр кашф карданд. Додгустарҳо мегӯянд, ки ҳоло кӯшиш доранд таҳқиқ кунанд сабаби худкушии вай чӣ будааст.

Аммо кормандони сомонаи интернетии созмони ҳуқуқи башари “Хартия 97” бар ин ақидаанд, ки бозрасон бештар ба фаъолияти сомона таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.

“Хартия 97” ва худи Бебенин аз мунақиддони ашадии ҳукумати президент Лукушенко буд. Сомона ба вижа дар бораи рабудани фаъолони ҳуқуқи башар ва пешвоёни ҷавони мухолифин мақолаҳо ба чоп расонда мегуфт, ки ин як навъ тамрини неруҳои амниятӣ буда, ҳадафаш ташкили “гурӯҳи вижаи қотилон” барои аз байн бурдани мухолифони барҷаста мебошад.

Нигаронӣ аз вазъи рӯзноманигорон дар Белорусия

Фаъолияти ҷасуронаи Бебенин дар гузашта барояш мушкилиҳо эҷод карда буд. Змитсер Падберезкин, собиқ мухбири радиои Озодӣ нақл кард, ки дар охирҳои солҳои 1990- ум, худи Бебекинро муваққатан рабуда буданд. Он замон ашхосе номаълуми либоси мулкӣ бар тан, ӯро савори мошин ба ҷангал бурда таҳдид карда буданд.

Ин дар ҳолест, ки саркӯбии журналистон дар Белорусияи Лукашенко як падидаи маъмулист. Дар айни ҳол, дар он кишвар матбуъоти ғайридавлатӣ қариб намонда хабарнигории интернетӣ низ дар вазъи тоқатфарсо қарор дорад .

Дар пешорӯи интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2011, фишори давлат болои матбуъоти мустақил ва мухолифин шиддат меёбад.

Бебенин аз ашхоси наздиктарин ва узви ситоди интихоботии Андрей Санников, яке аз рақибони Лукашенко дар интихоботи соли оянда буд. Санников гумонҳо бар бораи худкушии Бебенинро низ шубҳанок номид.

Марги хабарнигор дар хориҷи кишвар низ нигарониҳоро ба бор овард.

Дуня Миятович, намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, аз мақомоти Белорус даъват кард, ки тафтиши мустақилонаи даргузашти хабарнигори шинохта Олег Бебининро доир кунанд.

Аз ин пеш, раиси Парлумони Аврупо Ежи Бузек ҳам аз ҳукумати Белорус хостори тафтиши ҷиддии сабабҳои даргузашти хабарнигори мухолиф шуда буд.
XS
SM
MD
LG