Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тағйири ҳайати ҳукумати Юнон дар идомаи бӯҳрон


Сарвазири Юнон Ҷорҷ Папандреу ҳамчун посух ба бӯҳрони молиявӣ дар ҳукуматаш тағйироти кадрӣ ба бор овард. Аммо ин дигаргуниҳо ба вазир молияи ин кишвар Ҷорҷ Папаконстантиноу дахл накард. Мухолифони сиёсии ҳукумат ин иқдомро зери танқид қарор доданд. Ҳукумат мегӯяд, ҳадафаш аз тағйироти кадрӣ идораи беҳтари кӯмаки 110 миллиарддолларии Иттиҳоди Аврупо ва Сандуқи байнулмилалии пул аст, ки Юнонро аз варшикастагии комил ҳифз кард. Мухолифон бар инанд, ки вазир молия ҳамчун яке аз сабабгорони бӯҳрон бояд ба истеъфо мерафт.
XS
SM
MD
LG