Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расми видоъ бо Шайх Амонуллоҳ Неъматзода


Имрӯз дар Маркази исломии Тоҷикистон расми видоъ бо муфтӣ Амонуллоҳ Неъматзода баргузор мешавад ва сипас ҷанозаи эшон ба зодгоҳи ниёконашон деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод интиқол дода хоҳад шуд. Маъруфулло Раҳимов, муовини раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон дар ин робита гуфт: "Мувофиқи пешниҳоди шаҳрдорӣ расми бошукӯҳи вилоъ бо муфтӣ Неъматзода дар Маркази исломии Тоҷикистон баргузор мешавад. Баъд аз он мувофиқи васияти эшон он кас ба зодгоҳи бобои бузургашон ба деҳаи Элоки Файзобод бурда мешаванд." Шайх Амонуллоҳ Неъматзода ки аз соли 1997 ба ин сӯ раҳбарии Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт, рӯзи 6-уми сентябр бар асари бемории тӯлонӣ аз дунё даргузашт.
XS
SM
MD
LG