Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Обама ба қабули тарҳи рушди зербинои Амрико


Раисиҷумҳури Амрико, Барак Обама, аз қонунгузорони кишвараш хост, тарҳи нави рушди зербинои Иёлоти Муттаҳидаро ба тасвиб расонанд, ки, ба гуфтаи ӯ, дар як саф бо чораҳои дигар ба коҳиши бекорӣ дар мамлакат мусоидат хоҳад кард. Ин изҳороти Обама дар шаҳри Милоукӣ, дар ҷараёни таҷлил аз Рӯзи коргар садо дод. Ба гуфтаи раҳбари Амрико, барои сохтмони роҳҳои нави мошингард ва оҳан, фурудгоҳҳо ва иншооти дигар дар шаш соли наздик қариб 50 миллиард доллар зарур хоҳад омад. Гуфта мешуд, ки риштаи зербиноии Амрико солҳои дароз аз сармоягузории нокифоя осеб медид. Тарҳ ба ҳимояти Конгресс ниёз дорад, ки дар ҳоли нигарониҳо аз ҳаҷми камбуди буҷа номуайян боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG