Пайвандҳои дастрасӣ

Парвандаи ҷиноӣ алайҳи ноиби раиси ноҳияи Румӣ


Додситонии ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон алайҳи муовини раиси ин ноҳия, Абдусаттор Юлдошев, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Тавре ки хабаргузории давлатии "Ховар" иттилоъ медиҳад, Юлдошев якҷо бо раиси бахши амволи давлатӣ ва сармоягзуориҳои ноҳия Валӣ Наҷмиддинов ҳамчун раис ва ҷонишини кумиссюни қонунигардонии амвол ба хилофкорӣ роҳ додаанд. Онҳо моликияти мавҷуднабуда дар қитъаҳои замини иҷораро сабтиноми ва қонунӣ кардаанд. Бино бар қонуни афви моликият дар Тоҷикистон садҳо амволи бесанад қонунӣ гардонида шуд, аммо дар ҷараёни ин иқдом қонуншиканиҳои зиёд ба мушоҳида расидааст.
XS
SM
MD
LG