Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии Амрико аз фаъолиятҳои ҳастаии Эрон


Иёлоти Муттаҳида гузориши ахири Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаиро дар бораи Эрон нигаронкунанда номид ва мегӯяд, Эрон ҳамоно дар пайи дастёфт ба силоҳи ҳастаист. Сухангӯи Кохи Сафед, Томмӣ Вйетор, гуфт, гузориш нишон медиҳад, ки Эрон аз иҷрои ӯҳдадориҳои байнулмилалии ҳастаии худ сарпечӣ мекунад ва бо идомаи талошҳои густариш барномаи ҳастаияш ба сохтани силоҳи атомӣ наздиктар мешавад. Дар гузориши маҳрамонаи Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ гуфта мешавад, Теҳрон дар таҳқиқи барномаи атомияш монеа эҷод мекунад ва ба бозрасони таҷрибадори Созмони Милал иҷозаи вуруд ба кишварро намедиҳад. Дар гузориш ҳамчунин гуфта мешавад, ки Эрон бархилофи талабҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милал ба ғанисозии уран идома медиҳад. Намояндаи Эрон дар Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ, Алиасғар Султония гуфт, гузориш тавозун надорад ва эътибори фаннии бунгоҳи Созмони Милалро зери суол мебарад. Аммо афзуд, дар гузориш тасдиқ шудааст, ки Эрон маводи ҳастаияшро ба самти ҳарбӣ ё сохтани силоҳи ҳастаӣ савқ надодааст.
XS
SM
MD
LG