Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таркиш дар тафреҳгоҳи шабонаи мавсум ба «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе нигаронии сокинони пойтахт, ба хусус ҷавононро ба бор овардааст.

Мақомоти расмӣ таркиши дискоклубро амали авбошӣ ва кори дасти ду гурӯҳи ҷинояткор меноманд, ки ҳангоми муноқиша аз маводи тарканда ё бомби худсохт истифода кардаанд. Дар паи ин ҳодиса дасти кам 10 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

«Дӯстӣ» дар маҳаллаи «Якум советский» воқеъ аст ва аз дискоклубҳои маъруфу нисбатан арзони пойтахт ба шумор меравад.

Акрам, як ҷавони тоҷик, мегӯяд, аксар маконҳои тафреҳиву дилхушии ҷавонони пойтахт, ба маҳалли таҷаммӯи афроди авбошу ҷиноятпеша табдил шудааст. Бинобар ин ӯ ба ҳодисаи авбошӣ будани ин таркиш бовар дорад:

«Дар чунин дискоклубҳо аксаран «разборка» меравад. Ин ё он нафарро корд мезананд ё латтукӯб мекунанд, яъне дискоклубҳо аксаран ҷойи дилхӯшии авбошон аст.»

Аммо дар маҳофили ҷавонон ин ҳодиса ба гунаҳои мухталиф арзёбӣ мешавад. Ҳалима, як сокини ҷавони Душанбе, мегӯяд, ҳарчанд ин таркишҳо ба қазияи фирори маҳбусон иртибот надорад, вале ӯ баъди он ҳодиса аз сар задани чунин як ҳодисае мисли таркиш хавф мебурд:

«Чунин пайомадро интизор ҳам будем, чун 25 нафар тавонистанд, ки аз зиндони Кумитаи амният гурезанд, ин таркишҳо чӣ ҷойӣ ғайриинтизорӣ дошт. Шояд ин ҳам, ки баъди 10 рӯз мақомот тавонистанд, ки як фирориро пайдо кунанд ва имрӯз нафари дуввумро, аллакай аз фаъолияти на чандон хуби кормандони амният дарак медиҳад».

Аксари ҳамсӯҳбатони мо дар хиёбонҳои Душанбе мегуфтанд, ки баъд аз фирори зиндониён ва таркишҳо эҳсоси тарсу нигаронӣ мекунанд. Яке аз ҳамсӯҳбатҳо гуфт, ки акнун аз ҷойҳои серодам, ҷашнгоҳҳо ва ҳатто истгоҳҳо меҳаросад. Зани дигаре афзуд, ки баъд аз фирори маҳбусон духтари наврасашро танҳо ба мактаб намефиристад ва аз сайругаштҳои бегоҳирӯзӣ ҳам худдорӣ мекунад.

Ҳамсӯҳбатҳои ҷавони мо бар ин назаранд, ки барои пешгирӣ аз ҳамлаҳои террористӣ ва таъмини амнияти мардум бояд дар низоми амнияти кишвар тағйироти куллӣ сурат бигирад.
XS
SM
MD
LG