Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА хостори тафтиши қазияи ҳалокати Бебенин шуд


Дуня Миятович, намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, аз мақомоти Белорус даъват кард, ки тафтиши мустақилонаи ҳалокати хабарнигори шинохта Олег Бебининро доир кунанд. Аз ин пеш раиси Парлумони Аврупо Ежи Бузек ҳам аз ҳукумати Белорус хостори тафтиши ҷиддӣ ва бози сабабҳои даргузашти хабарнигори мухолиф шуда буд.
Олег Бебенин, муассис ва сардабири сомонаи интернетиии мухолифи “Хартия-97” буд. Ҷасади ӯ рӯзи ҷумъаи гузашта дар бӯстонсарояш ошкор гардид. Мақомоти тафтишот мегӯянд, ки хабарнигор худро овехтааст ва аммо дӯстону ҳампешаҳои Бебенин ба худкӯшии ӯ бовар надоранд.
XS
SM
MD
LG