Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афсари марзбони қирғиз аз банд раҳо шуд


Мақомоти Ӯзбакистон имрӯз боз як афсари нерӯҳои марзбонии Қирғизистонро раҳо карданд. Муовини фармондеҳи Хадамоти марзбонии Қирғизистон Чолпонбек Турусбеков ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ки полковник Исматулло Анорбоев баъд аз музокироти иловагӣ бо мақомоти Тошканд озод карда шуд. Рӯзи якшанбе миёни мақомоти Ӯзбакистону Қирғизистон табодули боздоштшудаҳо сурат гирифта буд. Бишкек се корманди гумрук ва як корманди хадамоти амниятии Ӯзбакистонро раҳо кард, Тошканд, дар навбати худ, ба се марзбони қирғиз озодӣ бахшид.
Чолпонбек Турусбеков гуфт, ки полковникҳо Исматулло Анорбоев ва Зиёд Бегматов рӯзи 31 август дар деҳаи Пулгони ноҳияи Қадамҷой, воқеъ дар марзи Ӯзбакистон, боздошт шуданд. Афсарони марзбони қирғиз мехостанд баъзе мушкилотеро ҳал кунанд, ки баъди аз сӯи Ӯзбакистон барои се рӯз бастани гузаргоҳҳои марзӣ бо Қирғизистон ба миён омаданд. Ва аммо баъди вуруд ба постгоҳи марзбонҳои ӯзбак онҳо дастгир шуданд. Ӯзбакистон чанд сол боз дар арафаи таҷлили рӯзи истиқлолият – 1 сентябр марзҳояш бо кишварҳои ҳамсояи Қирғизистону Тоҷикистонро мебандад.
XS
SM
MD
LG