Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии Ватикан аз Сакина Оштиёнӣ


Акси Сакина Оштиёнӣ
Акси Сакина Оштиёнӣ

Ватикан гуфтааст, ба хотири ҳифзи ҷони Сакина Оштиёнӣ - зани эронӣ, ки бо ҷурми робитаи ғайришаръӣ ба сангсор маҳкум шудааст, омодааст бо Эрон вориди гуфтугӯ шавад. Ин омодагӣ дар ҳоле эълон шуд, ки писари хонум Оштиёнӣ гуфт, баъди нашри аксе дар нашрияи Британиё модарашро ба 99 шаллоқ маҳкум карданд.

Ватикан гуфтааст, имкон дорад бо истифода аз ҳуқуқи маънавии худ Теҳронро ба раҳму шафқат ба ҷони Сакина Оштиёнӣ мутақоид созад.

"Шеваи бахусус золимона"

Дар шарҳи нахустин ба қазияи Сакина Оштиёнӣ, сухангӯи Ватикан сангсорро ба унвони як "шеваи бахусус золимона"-и ҳукми эъдом маҳкум кард ва ба он ишора намуд, ки пешвои Ватикан барои таъсир расонидан ба мақомоти Эрон аз "дипломатияи ором" ё бесару садо истифода хоҳад кард.

Сухангӯи Ватикан Федерико Ломбардӣ дар як изҳорот гуфт, ки Ватикан ин қазияро бо таваҷҷуҳ пайгирӣ дорад. Аммо афзуд, ин қазия ҳамчун қазияҳои дигар, ки Ватикан борҳо ҳал кардааст, бо роҳҳои хоси дипломатӣ анҷом хоҳад шуд.

Изҳороти мазкур дар ҳоле пахш шуд, ки Саҷад Қодирзода, писари Сакина Оштиёнӣ ба хабаргузории "Андкроронос"- и Италия гуфт, ба хотири ҳифзи ҷони модараш ба Поп Бенедикти 16 ва ҳукумати Италия муроҷиат кардааст.

Ахиран раисиҷумҳури Бразилия Луис Инасио Лула да Силва ба Сокина Оштиёнӣ паноҳгоҳ пешниҳод кард
99 шаллоқ барои акс бе рӯсарӣ


Қодирзода қаблан ба матбуот хабар дода буд, ки баъди нашри акси зани сарлуче дар нашрияи "Таймс"-и Британия, ки гӯё Сакина Оштиёнӣ будааст, модарашро бо иттиҳоми пахши "фасод ва бешармӣ" ба 99 шаллоқ маҳкум кардаанд. Нашрияи "Таймс" гуфтааст, ки акси номбурдаро аз Муҳаммад Мустафоӣ, вакили мудофеъи хонум Оштиёнӣ, дастрас кардааст, ки баъди фирор аз Эрон ҳоло дар Норвегия паноҳгоҳ ёфтааст. "Таймс" баъдтар бо пахши як раддия гуфт, ки акси зани сарлуч ҳеҷ рабте бо ба хонум Оштиёнӣ надоштааст.

Саҷад Қодирзода, писари Сакина Оштиёнӣ, мегӯяд, ки дар бораи ҳукми 99 шалоқ ба модараш аз зиндониёни дигар дар маҳбаси Табрез огаҳё ёфтаст. Модари ӯ низ дар зиндони Табрез нигаҳдорӣ мешавад. Ӯ тасдиқи дурустии ин хабарро надошт ва ҳамчунин намедонист, ки оё ҳукми 99 шаллоқ иҷро шудааст ё не?

Вокуниши ҷаҳонӣ ба ҳукми Оштиёнӣ

Эҳтимоли дахолати Попи Рум ба сарнавишти Оштиёнӣ як гардиши дигарест дар ин қазияи пурсару садо, ки фиғони ҷомеаи ҷаҳониро баланд кардааст. Раисиҷумҳури Бразилия Луис Инасио Лула да Силва ба Ошитёнии 44-сола, модари ду фарзанд, ки ба робитаи ғайришаръӣ бо ду мард баъди марги шавҳар муттаҳам шудааст, паноҳгоҳ пешниҳод кард.

Хонум Оштиёнӣ дар ибтидо ба 99 шаллоқ маҳкум шуда буд. Аммо вақте қазияро додгоҳи дигар бознигарӣ кард, Сакина Оштиёнӣ бо ҷурми робитаи ғайришаръӣ ҳангоми шавҳардорӣ ба сангсор маҳкум шуд.
XS
SM
MD
LG