Пайвандҳои дастрасӣ

Моҳонаи кормандони буҷавӣ дар Тоҷикистон афзоиш меёбад


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар бораи тақвияти сатҳи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон амреро имзо кард. Ба иттилоъи дафтари матбуоти раисиҷумҳур, шурӯъ аз рӯзи 1 октябр маоши кормандони муассисаҳои илму маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, тиб, фарҳанг ва дигар идораҳои буҷавӣ афзоиш хоҳад ёфт. Тибқи фармон, моҳонаи кормандони ҳукуматӣ, мақомоти маҳаллӣ, низомиён, кормандони умури дохила, додгоҳу додситонӣ ҳам даҳ дар сад боло хоҳад рафт. Ҳаҷми ҳаққи бознишастагӣ 15 дар сад афзоиш ёфта, ҳаҷми ниҳоии нафақа 400 сомонӣ дар як моҳро ташкил хоҳад дод.
Дар ин амр омадааст, ки шурӯъ аз моҳи оянда идрорпулии президентӣ барои толибилмони мактабҳои миёнаву касбӣ 150 сомонӣ, барои донишҷӯёни муассисаҳои касбиву техникӣ 200 сомонӣ, барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ 250 сомонӣ ва барои аспирантҳо 300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар хоҳад шуд. Идрорпулии аспирантҳо, донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва касбиву техникӣ низ даҳ дар сад афзоиш меёбад.
XS
SM
MD
LG