Пайвандҳои дастрасӣ

Блэр муаррифии навбатии китобашро лағв мекунад


Тони Блэр, сарвазири пешини Бритониё, изҳор намуд, ки шояд ба хотири ҷилавгирӣ аз намоишҳои эътирозӣ маросими муаррифии китоби ёддоштҳои худро дар Лондон лағв мекунад. Дар китоби "A Journey" (“Сафар”) Блэр чанд далели ҳимоят аз сиёсати ҳукуматаш дар солҳои 1997-2007, аз ҷумла, тасмими ширкати Бритониё дар ҷанги Ироқро меоварад/
Мухолифони Блэр мехоҳанд рӯзи чаҳоршанбе дар канори бинои мағозаи китоб дар Лондон, ки қарор аст сарвазири собиқ китоби худро муаррифӣ намояд, намоиши эътирозӣ баргузор кунанд. Ҳангоми ҳамин гуна муаррифӣ дар шаҳри Дублин ширкаткунандагони намоиши зиддиҷангӣ сӯи сарвазири собиқ пойафзол ва тухми палағда андохтанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG