Пайвандҳои дастрасӣ

Куштори хабарнигори маъруфи афғон дар канори Кобул


Дар Афғонистон хабарнигори маъруфи телевизион ва муовини раиси Анҷумани миллии хабарнигорон Сайид Ҳомид Нурӣ кушта шуд. Ба иттилоъи вазорати умури дохилаи Афғонистон, ҷасади Нурӣ шаби гузашта дар канори шаҳри Кобул ошкор шуд. Гуфта мешавад, ки афроди ношинос ба бадани ӯ чанд корд задаанд. Бархе хабаргузориҳо навиштаанд, ки қотилон Нуриро сар буридаанд.
Саийд Ҳомид Нурӣ муаллифи барномаи вижа дар телевизиони давлатии RTA буд. Ӯ ба фаъолияти сиёсӣ ҳам машғул буд ва аз мухолифини раисиҷумҳур Ҳомид Карзай маҳсуб мешуд.
XS
SM
MD
LG