Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иди Фитр дар Тоҷикистон 10 сентябр таҷлил мешавад


Иди Рамазон ё Иди Фитр дар Тоҷикистон рӯзи ҷумъа, 10 сентябр, таҷлил мешавад. Дар ин бора хабаргузориҳои маҳаллӣ бо такя ба Шӯрои Уламои Тоҷикистон иттилоъ доданд. Тасмим дар бораи таҷлили Иди Фитр дар нишасти ахираи Шӯрои уламо бо ширкати имом-хатибҳои масоҷиди Суғду Хатлон ва навоҳии тобеъи марказ ва кормандони масъули дафтари раёсатҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шуд. Намози иди Фитр соати 8-и субҳи рӯзи 10 сентябр дар ҳама масоҷиди кишвар баргузор мешавад.
Таври маъмул, рӯзи иди Фитр мардум ба оромгоҳҳо рафта ба ёди гузаштагон дуо мехонанд, ба манзили ҳамдигар ба меҳмонӣ мераванд ва дастархони идона меороянд.
XS
SM
MD
LG