Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русияву Исроил созиши ҳамкориҳои низомиро имзо карданд


Русия ва Исроил имрӯз созиш дар бораи ҳамкориҳои низомиро имзо карданд. Зери ин санад вазири дифоъи Русия Анатолий Сердюков ва ҳамтои исроилияш Эҳуд Барак, баъд аз музокирот дар Маскав, имзо гузоштанд. Қабл аз гуфтушунид Анатолий Сердюков изҳор намуд, ки Русияву Исроил дар робита ба таҳдидҳои амниятии муосир нигоҳи наздик доранд ва ҳамкории нерӯҳои қудратӣ барои муқовимат бо ин таҳдидҳо мусоидат хоҳад кард. Эҳуд Барак, дар навбати худ, изҳор намуд, ки ба Русия ва Исроил ифротгароии исломӣ таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG