Пайвандҳои дастрасӣ

КАМ: Таркиш дар дискотека амали террористӣ набуд


Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон таркиш дар дискотекаи “Дӯсти”-и шаҳри Душанберо "авбошӣ" унвон кард. Нозирҷон Бӯриев, сардори маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ҳодиса тақрибан соати 11-у 45 дақиқаи шаб бар асари “аз сӯи гурӯҳи ҷинояткор тарконидани бомби худсохт” рӯх додааст. Бар асари таркиш, ба гуфтаи Нозирҷон Буриев, чаҳор кас ҷароҳати сабук бардоштаанд. Кумитаи амнияти миллӣ мегӯяд, ки таркиш ҳамлаи террористӣ нест.
Аз ин пештар хабар дода мешуд, ки дар ин ҳодиса 7 нафар захмӣ шудаанд ва вазъи 2 тани онҳо сангин аст. Бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҳодиса ду нафар бозлошт шудаанд.
Ин таркиш ду рӯз пас аз инфиҷор дар саҳни Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вилояти Суғд рӯх дод. Субҳи рӯзи ҷумъа мошини ҳомили маводи тарканда аз дарвозаи ин раёсат ворид шуда таркид. Дар ин ҳодиса ба ҷуз ҳамлагар боз 2 корманди милиса кушта шуда, беш аз 20 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Имрӯз раёсати Кумитаи амнияти миллӣ дар вилояти Суғд хабар дод, ки дар робита ба ин таркиш аз рӯи банди “терроризм” парвандани ҷиноӣ боз кардааст.
XS
SM
MD
LG