Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КМИ Молдова: Раъйпурсӣ ноком анҷом ёфт


Раъйпурсӣ оид ба вуруди тағйирот ба Қонуни асосии Молдова ноком поён ёфт. Ин нуктаро раиси Комиссиюни марказии интихобот Евгений Штирбу дар сӯҳбат бо хабарнигорон таъйид кард. Бар пояи иттилоъи пешакии Комиссиюни марказии интихобот, тақрибан 30 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй пушти қуттиҳои овоздиҳӣ омаданд. дар ҳоле, ки барои тасдиқи натоиҷи раъйпурсӣ бояд аз се як ҳиссаи интихобкунандагон дар ин маърака ширкат мекарданд. Юрий Чокан, котиби Комиссиюни марказии интихоботи Молдова гуфт, ки "бар пояи маълумоти мавҷуда, ман метавонам бигӯям, ки 29-у аз саду 67 фойиз дар раъйпурсӣ ширкат доштанд. Ин маънои онро дорад, ки тибқи иттилоъи зери дасти мо, 789 ҳазору 407 нафар пойи қуттиҳои овоздиҳӣ омадаанд".
Юрий Чокан афзуд, бештари мардуми раъйдода аз тағйирот ба Қонуни асосӣ пуштибонӣ намуданд. Агар раъйпурсӣ комёб мешуд, аз ин баъд интихоботи раисиҷумҳур дар Молдова аз тариқи интихоботи умумимиллӣ сурат мегирифт. Айни ҳол сарвари кишвар аз сӯи парлумон интихоб мешавад. Парлумон аз баҳор ба ин сӯ наметавонад раисиҷумҳурро интихоб кунад.
Кафили раёсатҷумҳурии Молдова Михай Гимпу дар нокомии раъйпурсӣ ҳизби комунистро айбдор кард – комунистҳо ин маъракаи сиёсиро таҳрим карда буданд. Ба гуфтаи Гимпу, сабаби дигари нокомии раъйпурсӣ - парокандагии Эътилофи ҳокими ғарбгаро мебошад.
XS
SM
MD
LG