Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як медали Тоҷикистон дар Бозиҳои ҷаҳонии ҳунарҳои размӣ


Сафовиддин Юсуфӣ, муштзани тоҷик, дар нахустин Бозиҳои ҷаҳонии ҳунарҳои размӣ дар пойтахти Чин – шаҳри Пекин дар сабқати бокс медали нуқра ба даст овард.

Сафовиддин дар рақобатҳо дар вазни 46-49 килограмм бар ду рақибаш – Сиҳиб Нануш, аз Урдун, бо ҳисоби 7:2 ва Муҳаммад Флиссии алҷазоирӣ бо ҳисоби 17:3 пирӯз шуда, ба финал баромад. Вале ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Шиминг Зу, муштзани Чин, ки соҳиби медали тилло шуд, бо ҳисоби 1:7 мағлуб гашт.

Чаҳор муштзани дигари тоҷик – Анвар Юнусов (то 56 кг), Парвиз Сатторов (то 60 кг), Комилҷон Холиқов (то 69 кг) ва Ҷаҳон Қурбонов (то 91 кг) дар даври муқаддамотӣ аз рақибони худ мағлуб шуданд. Наврӯз Ҷафоев (то 75 кг) бошад, нахуст бар рақибаш Нисорхони покистонӣ бо ҳисоби 5:0 дастболо шуд, вале баъдан аз Владимир Милевский (Литва) бо ҳисоби 2:8 шикаст хӯрд ва аз ҳаққи мубориза барои медалҳо маҳрум гашт.

Инчунин дар ин бозиҳо ду варзишгари тоҷик дар риштаи гуштии самбо ҳунарнамоӣ карданд. Пӯлодҷон Солеҳов дар сабқати гуштии самбои варзишӣ байни мардон дар вазни то 90 килограмм ва дар ин навъи рақобатҳо миёни занон Дилбархон Султонова дар вазни то 64 килограмм аз медалҳои бозиҳо бенасиб монданд.

Нахустин Бозиҳои ҷаҳонии ҳунарҳои размӣ дар Пекин бо ширкати варзишгарони 104 кишвар аз рӯи 13 навъи варзиши якҳарба (айкидо, бокс, гуштӣ, дзю-до, каратэ, кендо, кикбоксинг, муайтай, самбо, сумо, таеквон-до, ҷу-ҷитсу ва ушу) баргузор шуданд. Ин бозиҳо таҳти сарпарастии Созмони байнулмилалии «Спортаккорд», ки фаъолияти он ба рушди варзиш дар тамоми ҷаҳон равона шудааст, аз 28-уми август то 4-уми сентябр идома карданд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ, мунтахаби Русия бо 39 медал (18 тилло, 11 нуқра ва 10 биринҷӣ) дар ҷои аввал қарор гирифт. Мунтахаби Чин бо 31 медал (15+3+13) ҷои дуввум ва тими Укроин бо 23 медал (7+5+11) ҷои севумро касб карданд.

Байни даҳ дастаи беҳтарин, инчунин, Фаронса, Италия, Ҷопон, Тайланд, Испания, Эрон ва Лаҳистон ҷойгир шуданд.

Умуман, варзишгарони 65 кишвар соҳиби медалҳо гардиданд. Намояндагони 39 кишвар медалҳои тилло ба даст оварданд, ки миёни онҳо аз собиқ кишварҳои шӯравӣ Русия, Укроин, Озарбойҷон, Узбакистон, Қазоқистон, Беларус, Қирғизистон, Латвия ва Молдова ҳастанд. 26 кишвар медалҳои нуқраву биринҷӣ гирифтанд, ки Литва ва Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳоянд.

Дуввумин Бозиҳои ҷаҳонии ҳунарҳои размӣ соли 2013 баргузор хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG