Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, Абдурасул Мирзоев, бародари фармондеҳи собиқи Горди милии Тоҷикистон Ғаффор Мирзоев ва яке аз 25 фирории боздошгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар субҳи имрӯз боздошт шуд.

Муҳамаадҷон Назриев, масъули матбуотии вазорати дохилаи Тоҷикиcтон гуфт, Абдуррасул Мирзоев дар қаламрави ноҳияи Файзобод, 50-километрии шарқи пойтахти Тоҷикистон тавассути нерӯҳои интизомии кишвар ба даст афтодааст.

Абдурасул Мирзоев бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон ба 30 сол зиндон маҳкум шудааст. Вай шаби 23 август аз боздошгоҳи кумитаи амнияти милли Тоҷикистон бо 24 нафари дигар фирор кард.

Абдурасул Мирзоев, бародари Ғаффор Мирзоев соли гузашта дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ боздошт ва дар аввали имсол ба Душанбе истирдод шуд. Ӯ дар ҳудуди як моҳи пеш, аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон ба 30 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Абдурасул Мирзоев барои ҳифзи ғайриқонунии аслиҳа, таҳияи табаддулоти давлатӣ, ғоратгарӣ ва гаравгонгирӣ муттаҳам мешуд.

Қабл аз ӯ, Иброҳим Насриддинов, ки яке аз се созмондиҳандаи фирор унвон мешуд, дар ноҳияи Ваҳдат боздошт шуд. Иброҳим Насриддинов рӯзи 2-уми сентиябр тайи амалиёти неруҳои интизомии ба даст афтода буд.

Насриддинов муллақаб ба "Қори Иброҳим" бар асоси моддаҳои марбут ба сӯйиқасд, куштор ва ғайриқонунӣ бо худ доштани силоҳи оташфишон ба мӯҳлати 23 сол маҳкум ба зиндон шуда буд.

Дар бораи 23 тани дигар, аз ҷумла 11 шаҳрванди хориҷӣ – 5 табааи Русия, 4 шаҳрванди Афғонистон ва 2 тан аз Ӯзбакистон то ба ҳол иттилое нест.

Мақомот бар инанд, ки боздошти ду фирорӣ роҳро барои пайдо кардани боқимондаҳо осон мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG