Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти беҳдоштии вилояти Хатлон аз норасоии беш аз ду ҳазору дусад пизишк ва ҳамшираи шафқат дар муассисаҳои тиббии минтақа изҳори нигаронӣ мекунанд.

Ҳақмузди нокофӣ, адами шароити корӣ ва фанноварии муосири табобат дар бемористонҳои навоҳии вилояти Хатлон дар аксари маврид сабаби фирори пизишкони ҳирфаӣ ва худдории пизишкони ҷавон аз кор дар чунин муассисаҳо унвон мешавад.

Музди кам -омили аслии фирор аз музофот

Ҳусейн Пирматов, ки як сол қабл донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст, мегӯяд, ҳарчанд худ аз музофот аст, аз кор дар муассисаи тиббии яке аз навоҳии дурдасти вилояти Хатлон даст кашидааст.

Ба гуфтаи ӯ, шароити кору зиндагӣ барои кадрҳои ҷавон дар музофот муҳайё нест ва бисёре аз ҷавонон дурнамои кариераи худро дар навоҳии канортар аз шаҳрҳои калон намебинанд.

Ҷаноби Пирматов, ки тоза издивоҷ кардааст, мегӯяд, сабаби аслии рад шудани пешниҳод барои кор дар бемористони ноҳия ин будааст, ки ӯ наметавонад бо ҳақмузди ночизе, ки барояш ваъда кардаанд, таъмини иҷтимоии як оилаи ҷавонро ба дӯш бигирад:
«Якум сабабаш ин аст, ки маош кам аст, ҳар қадар ноҳия канортар аз шаҳр бошад, маоши пизишкон ҳамон қадар камтар мебошад. Дуюмаш ин ки, мутахассисони ҷавон ба шаҳр омӯхта шудаанд ва намехоҳанд ба қишлоқ раванд, ноҳияҳо раванд. Перспектива нест он ҷо, кариера баланд шуданаш мушкил аст дар ноҳияҳо,, мушкилоти зиндагӣ ва кори шаҳрҳоро ба гардан мегиранду ҳеҷ кас ноҳияву деҳаҳои дурдаст намеравад. Шахсан худи ман ҳамин чанд факторро ба инобат гирифта, аз кор дар ноҳияе дурдаст даст кашидам…».

Мақомоти маҳалли низ моҳи беайб нестанд

Ҳақмузди нокофӣ, адами шароити корӣ ва фанноварии муосири табобат дар бемористонҳои навоҳии вилояти Хатлон дар аксари маврид боиси фирори пизишкони ҳирфаӣ ва худдории пизишкони ҷавон аз кор дар чунин муассисаҳо мешавад.

Як устоди донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Сино, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, бо ин вуҷуд, ки дар кишвар норасоии шадиди кормандони тиб ба мушоҳида мерасад, ҳамоно ҳукуматҳои маҳаллӣ дар амри ҷалб ва ҳавасмандии пизишкон ба дармонгоҳҳои маҳаллӣ аз тадобири кофӣ кор намегиранд.

Вай меафзояд, бисёре аз хатмкунандагони донишгоҳи тиббӣ талош мекунанд, ки дар муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе ба кор бираванд, ҳарчанд шумораи пизишкони дармонгоҳҳои пойтахти кишвар ҳоло ба маротиб бештар аз меъёр аст:

«Шумораи табибон дар беморхонаҳои Душанбе ҳоло аз меъёр зиёд аст. Агар дар баъзе шӯъбаҳои дармонгоҳҳо, ҳамагӣ 10 воҳиди корӣ бошад, то 15-20 нафар кор карда истодаанд. Мутахассисони хуб ҳама дар пойтахт кор мекунанд. Мутахассисони ҷавон ҳам кӯшиш мекунанд дар Душанбе монанд, ҳатто шиносу «тағобозӣ» мекунанд то дар муассисаҳои тиббии марказ кор ёбанд. Аммо дар навоҳии кӯҳистон мутахассис намерасад, ин мушкил хоси танҳо вилояти Хатлон нест, дар тамоми кишвар эҳсос мешавад. Аммо ҳукуматҳои маҳаллӣ бояд ҳавасманд кунанд мутахассисони ҷавонро, онҳо оиладор мешаванд, бояд манзил дошта бошанд, аммо маоши духтурӣ кам аст, агар замин ҳам ҷудо кунанд, бо ин маош чи тавр хонасозию зиндагӣ мекунанд онҳо?!»

Шерафган Сатторов- муовини сардори идораи ҳифзи тандурустии вилояти Хатлон
Табибон Хатлонро тарк мекунанд

Танҳо дар соли ҷорӣ ба сабаби шароити сангини кор ва маоши нокофӣ дармонгоҳҳои вилояти Хатлонро беш аз 330 корманди тиббӣ тарк кардаанд. Гузашта аз он, имсол 22 фориғуттаҳсили донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, аз вилояти Хатлон ба кор ба муассисаҳои тибии минтақа ҳозир нашудаанд.

Феълан, ба иттилои идораи ҳифзи тандурустии вилояти Хатлон, муассисаҳои тиббии минтақа ба беш аз ду ҳазору дусад корманди тиббӣ, аз ҷумла 1300 пизишки ҳирфаӣ ва 900 ҳамшираи шафқат ниёз доранд. Шерафган Сатторов, муовини сардори идораи ҳифзи тандурустии вилояти Хатлон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт:

«Асосан, духтурони атфол, духтурони амрози даруна, бемории сил, момодояҳо, духтурони чашм, равонпизишкон ва наркологҳо дар бемористонҳои ноҳияҳо намерасанд. Дар шаҳри Қӯрғонтеппа, маркази маъмурии вилоят ин мушкил чандон шадид нест, аммо дар ноҳияҳо бисёр эҳсосшаванда аст. Танҳо дар ноҳияи Носири Хусрав беш аз 80 дарсади воҳидҳои кории пизишкон ва кормандони миёнаи тиббӣ холӣ аст, мутахассис нест…»

Ҷаноби Сатторов афзуд, дар ҳоли ҳозир бештар аз ҳама дар навоҳии кӯҳистонӣ ва дурдасти Ховалинг, Носири Хусрав, Мӯъминобод ва Шӯробод норасоии пизишкон эҳсос мешавад. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло ҳукуматҳои ин навоҳӣ роҳҳои ҳавасмандсозии пизишконро барои кор дар дармонгоҳҳои ин навоҳӣ ҷустуҷӯ доранд:
«Дар ҳоли ҳозир раиси ноҳияи Ховалинг чаҳор адад манзили зисти тайёр ҷудо кардааст барои пизишкон. Мутахассисоне, ки ҳавасмандӣ нишон дода, ба ин ноҳия ба кор мераванд, соҳиби манзили зист хоҳанд шуд, аммо мо ҳанӯз чунин пизишкони алоқаманд ба кор дар бемористони ноҳияи Ховалингро пайдо накардаем. Ҳамчунин дар ноҳияи Носири Хусрав ҳам барои пизишкон қитъаҳои замин ҷудо шудааст, раиси ноҳияи мазкур супориш гирифтааст, ки духтуронро ҷалб кунад ва барои ҳар пизишке, ки барои кор ба ин ноҳия меравад, ҳамчунин 5 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ ҳам барои сохтмони манзил дода мешавад…».

Таъмини шароити мусоид-чораи ягонаи ҷалби ҷавонон

Ин ҳама дар ҳолест, ки Ҳусейн Пирматов, пизишки ҷавону ояндадор, мегӯяд, таъмини иҷтимоӣ ва таваҷҷӯҳи ҳукумат ба шароити зиндагӣ ва кори пизишкон аз роҳҳои аслии ҷалби кадрҳои ҷавон ба кор дар навоҳии дурдаст мебошад:
«Мутахассисони ҷавонро, аз нигоҳи ман, танҳо бо чанде аз ин роҳҳо мешавад ба кор дар навоҳии дурдаст ҷалб кард: хона бидиҳанд, то зиндагии дуруст дошта бошад ҳамроҳи хонаводааш, маоши дуруст ва кофӣ барои таъмини рӯзгор бидиҳанд. Ҳамчунин корҳои ҳавасмандкунӣ бояд аз худи донишгоҳ оғоз шаванд, донишҷӯёнро бояд ташвиқ кунанд, ки Тоҷикистон нафақат Душанбе аст, балки аз навоҳӣ ҳам иборат аст.

Зеро ноҳияҳои кишвар дар зеҳни бисёре аз донишҷӯён як минтақаи ақибзада ва дур аз сивилизатсия менамояд. Аммо бо ин ҳама, шароити кориро дар бемористонҳои ноҳияҳо ҳам баробари дармонгоҳҳои Душанбе ва марказҳои маъмурии вилоятҳо таъмин кунанд, то пизишкон ҳам бо ҳамкасбонашон аз пойтахт ва шаҳрҳои калон ҳамқадам бошанд, технологияҳои муосири тиббиро идора карда тавонанд…»


Бо ин ҳама, чунин ба назар мерасад, ки норасоии кадрҳои пизишкӣ дар вилояти Хатлон дар фарогирии аҳолии минтақа бо дармону табобат мушкилоти фаровон пеш овардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG