Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аҳмадинажод: Ҳамла ба Эрон маънии маҳви Исроилро дорад


Раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод дар ҷараёни боздидаш аз Қатар ба хабарнигорон гуфт, "ҳама гуна ҳамла ба Эрон оғози нобудии давлати саҳюнист" хоҳад буд. Вай давлати Исроилро дар назар дошт. Исроил ягона нерӯи ҳастаии минтақа эҳтимоли ҳамла ба Эронро рад накардааст. Аҳмадинажод ҳушдор дод, ки Ҷумҳурии Исломӣ тавон дорад, ки посухи сахт ва сангин диҳад. Мақомоти расмӣ мегӯянд, Аҳмадинажод дар Қатар масъалаҳои минтақаӣ, аз ҷумла авзоъ дар Фаластинро бо амири Қатар Шайх Ҳамад бин Халифа ал-Сонӣ баррасӣ хоҳад кард. Эрон ва Қатар дар моҳи марти соли равон дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷинояткории созмонёфта, терроризм ва пулшӯӣ қарордод ба имзо расондаанд.
XS
SM
MD
LG