Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати нерӯҳои амрикоӣ дар як даргирӣ дар Ироқ


Як намояндаи расмии Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, нерӯҳои амрикоӣ ба ошӯбгароне, ки иншооти ҳарбиро дар маркази Бағдод ҳадаф қарор доданд, тирандозӣ кардаанд. Сарҳанги хурд, Эрик Блум гуфт, дастаи мушовирони амрикоӣ, ки дар ин иншоот ба сар мебарад, ҳангоми ҳамлаи ошӯбгарон ба мадади ҳарбиёни ироқӣ расид. Мақомоти Ироқ мегӯянд, дар ин воқеа 12 нафар, аз ҷумла 5 сарбоз кушта ва 36 тан захмӣ шудаанд. Ҳамла дар ҳоле ба амал омад, ки аз поёни расмии ширкати нерӯҳои амрикоӣ дар амалиёти ҳарбӣ дар Ироқ наздик ба як ҳафта мегузарад.
XS
SM
MD
LG