Пайвандҳои дастрасӣ

Гуфтушуниди Ховари Миёна дар Миср идома хоҳад кард


Вазорати умури берунаи Миср тасдиқ кард, ки даври дувуми гуфтушуниди рӯбарӯи ҳайатҳои Исроил ва Фаластини худгардон рӯзҳои 14-15-уми сентябр дар осоишгоҳи Шарм-уш-шайхи Миср баргузор хоҳад шуд. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Миср, Ҳуссам Закӣ гуфт, раиси маъмурияти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос ва сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу дар ин музокирот таҳти сарпарастии вазири умури берунаи Амрико, Ҳилларӣ Клинтон ширкат хоҳанд кард. Хонуми Клинтонро намояндаи Иёлоти Муттаҳида дар умури Ховари Миёна, Ҷорҷ Митчелл ҳамроҳӣ хоҳад кард. Пас аз гуфтушунид, ширкаткунандагони он ба Байтулмуқаддас сафар мекунанд.
XS
SM
MD
LG