Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти эҳтимолии референдуми Молдова


Ба эҳтимоли зиёд назарсанҷии умумӣ дар Молдова, ки қарор буд, ба интихоботи умумихалқии президенти ин кишвар роҳ боз кунад, ба иллати иштироки ками интихобкунандагон дар он шикаст хӯрдааст. Сарвазири Молдова, Влад Филат гуфтааст, натиҷаҳои ширкати раъйдиҳандагон далолат ба он мекунанд, ки рефрендум қонунӣ шумурда нашавад. Барои баргузоршуда ҳисобидани назарсанҷии умумӣ ба камияш мебоист 33 дарсади раъйдиҳандагон дар он ширкат намоянд. Ду соат пеш аз поёни кори ҳавзаҳои раъйдиҳӣ ҳамагӣ каме бештар аз 25 дарсади соҳибони ҳаққи раъй назари хешро баён доштаанд. Қарор буд, ин назарсанҷӣ бӯҳрони Молдоваро, ки зиёда аз як сол боз президент надорад, ҳал мекард. Таносуби раъйҳо дар порлумон ба ҳеҷ яке аз номзадҳо имкон надод, миқдори барои пирӯзӣ зарури раъйи порлумонро ба даст орад.
XS
SM
MD
LG