Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори кушташудаҳо дар Бағдод ба 12 расид


Низомиёни Ироқ мегӯянд, ҳамлаи як бомбгузори интиҳорӣ ва силоҳбадастон ба пойгоҳи низомии Русафо мунҷар ба ҳалокати 12 нафар, бо шумули 5 сарбоз шуд. Генерал Қасим Мӯсавӣ, сухангӯи артиши Ироқ гуфт, ин ҳамла дастикам 36 нафари дигарро захмӣ ба ҷо гузошт. Ҳамла дуруст алайҳи пойгоҳе сурат гирифт, ки рӯзи 17 август дар он бар асари як чунин ҳамлаи дигар 59 нафар кушта шуданд. Ин ҳамлаи хунин дар ҳолест, ки аз эълони Вошингтон дар бораи хатми амалиёти ҷангии Амрико дар Ироқ ҳанӯз як ҳафта ҳам нагузаштааст.
XS
SM
MD
LG