Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии хабарнигори ҷопонӣ дар Қундуз тасдиқ шуд


Як журналисти ҷопоние, ки бовар мерафт, аз сӯи Толибон дар шимоли Афғонистон рабуда шудааст, баъд аз 5 моҳи асорат раҳо ёфтааст. Косукэ Тсунеока моҳи апрел нопадид шуда буд. Маҳбубуллоҳ Саидӣ, сухангӯи волии вилояти Қундуз гуфт, ин хабарнигор дар манотиқи таҳти назорати Толибон дар улусволиҳои Имомсоҳибу Даштиарчӣ нигоҳ дошта мешуд. Як хабаргузории ҷопонӣ қаблан аз қавли дипломатҳо хабар дод, хабарнигори мустақил Косукэ Тсунеока феълан таҳти ҳимояти сафорати Ҷопон дар Кобул қарор дорад.
XS
SM
MD
LG