Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 3 сарбози хориҷӣ дар ҷануби Афғонистон


Паймони НАТО мегӯяд, тайи 2 рӯзи охир дар ҳамлаҳои алоҳида дар ҷануби Афғонистон 3 сарбози эътилофӣ кушта шуданд. Баёнияи ISAF мегӯяд, 2 сарбоз имрӯз бар асари ҳамлаҳои мустақими Толибон ва аскари севвум рӯзи шанбе дар натиҷаи таркиши бомби рӯироҳ кушта шудаанд. Ҳамзамон гуфта мешавад, ки дирӯз дар ҷараёни як амалиёти муштарак дар улусволии Жерайи вилояти Қандаҳор 13 ҷангии эҳтимолии толибро ба ҳалокат расондаанд.
XS
SM
MD
LG