Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як ҳамлаи интиҳорӣ ба пойгоҳи Русафо


Як бомбгузори интиҳорӣ имрӯз дар Бағдод ба пойгоҳи низомие ҳамла овард, ки рӯзи 17 август дар ин пойгоҳ бар асари як чунин ҳамлаи дигар 59 сарбозу даъватшаванда кушта шуданд. Сухангӯи вазорати умури дохилаи Ироқ гуфт, ҳамлаи имрӯза алайҳи ситоди нирӯҳои ниманизомии Русафо дар шарқи Бағдод як кушта ва 6 захмӣ ба ҷо гузошт. Ҳамлаи кунунӣ дар ҳолест, ки аз эълони Вошингтон дар бораи хатми амалиёти ҷангии Амрико дар Ироқ ҳанӯз як ҳафта ҳам нагузаштааст.
XS
SM
MD
LG