Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, рӯзи шанбе эълом кард, ки барои гуфтугӯҳои сулҳ бо Толибон кумитае ташкил додааст. Ҳомид Карзай бо судури як баёния, ташкили «Шӯрои Олии Сулҳ»-ро «гоме муҳим ба сӯи гуфтугӯҳо»-и сулҳ тавсиф кард.

Тарҳи ташкили «Шӯрои Олии Сулҳ» пеш аз ин дар моҳи май, дар «Ҷиргаи сулҳ», ки дар он раҳбарони қабоил ва рӯҳониёни динӣ узвият доранд, ба тасвиб расида буд.

Феҳристи комил эълон мешавад

Мақомҳои афғон рӯзи шанбе бо Ҳомид Карзай дар кохи раёсати ҷумҳурӣ дидор карданд то феҳристи «Шӯрои Олии Сулҳ»-ро ниҳоӣ кунанд.

Дар баёнияи Ҳомид Карзай омадааст, ки дар таркиби ин шӯро аз ҷумла «раҳбарони ҷиҳодӣ, шахсиятҳои пурнуфуз ва занон» ҳузур доранд. Ин баёния меафзояд, феҳристи комили «Шӯрои Олии Сулҳ» пас аз Иди Фитр эълом хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол Сиёмак Ҳиравӣ, сухангӯи Ҳомид Карзай дар ин бора гуфт: «Шӯрои Олии Сулҳ гоми дигари ҳукумат ва мардуми Афғонистон ба хотири даст ёфтан ба сулҳи доимӣ дар Афғонистон буд, ки бардошта шуд. Дар ин шӯро илова бар раҳбарони ҷиҳодӣ ва сиёсии Афғонистон, ҳамчунон теъдоди роҳбарони қабоил ва занони афғон саҳм доранд ва ниҳоятан мумкин Шӯрои Олии Сулҳ байни 50 то 60 тан узв дошта бошад».

Ҳомид Карзай дар чанд рӯзи гузашта аз ҷумла бо Бурҳониддин Раббонӣ ва Абдураб Расул Сайёф ва тане чанд аз мақомҳои дигари афғон дар бораи ин шӯро гуфтугӯ кардааст.

Афғонҳо ба ҳам сулҳ мекунанд

Сиёмак Ҳиравӣ, сухангӯи Ҳомид Карзай ҳафтаи гузашта эълом карда буд, ки дар «Шӯрои Олии Сулҳ» бархе «аз аъзои Толибон ва Ҳизби Исломӣ» ҳузур хоҳанд дошт.

Ба гуфтаи Сиёмак Ҳиравӣ, «ин шӯро ... ба таври қотеъ дар коҳиши сатҳи хушунат дар Афғонистон муассир хоҳад буд».

Раиси ҷумҳури Афғонистон дар ҳоле аз ташкили «Шӯрои Олии Сулҳ» дар ин кишвар хабар дода аст, ки Толибон борҳо эълон кардаанд, ки вай бозичаи дасти амрикост ва то берун нарафтани нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон, музокира бо давлат сурат нахоҳад гирифт.

Талош барои гуфтугӯ бо Толибон ҳамчунин бо афзоиши талафоти нерӯҳои эътилоф дар ин кишвар ҳамзамон шудааст.

Дар ҳоле ҳашт моҳ аз соли 2010 мегузарад, шумори талафоти нерӯҳои эътилоф дар ин кишвар ба 485 расидааст, ки бо теъдоди умумии куштаҳои ин нерӯҳо дар соли 2009 баробар мебошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG