Пайвандҳои дастрасӣ

Боришот дар Гватемала 18 кушта гирифт


Дар Гватемала бар асари боришоти шадиде, ки ин кишвари Амрикои марказӣ ва ҷануби Мексикаро асобат кард, дастикам 18 нафар ҷон бохтаанд. 12 нафар бар асари зери ярч мондани автобуси онҳо ҳалок шудаанд. Борон дар ин минтақа як ҳафта боз идома дошта, бино бар пешбиниҳо, ба зудӣ қатъ нахоҳад шуд. Мақомоти Гватемалаву Мексика ба ин далел ба эҳтимоли ҳамлаҳои бештари ярч омодагӣ мегиранд.
XS
SM
MD
LG