Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хуруҷи нафт ба обҳои халиҷи Мексика қатъ шудааст


Мақомоти Амрико мегӯянд, хуруҷи нафт ба обҳои халиҷи Мексика аз чоҳи нафти Deepwater Horizon, ки дар дасти ширкати BP қарор дорад, анҷом ёфта, ин “таҳдид” рафъ шудааст.
Аз моҳи апрел ба ин сӯ аз ин чоҳи сӯрохшуда тақрибан 4,9 миллион бушкаи нафт ба оби халиҷ рехт, ки бузургтарин фалокати зистмуҳитӣ дар таърихи Амрико хонда мешавад.
Муҳаққиқон акнун имкони таҳқиқи сабабҳои ин фалокати фанниро пайдо карданд, вале пурра бастани сӯрохиҳои ин чоҳ бояд то миёнаҳои моҳи сентябр такмил шавад.
XS
SM
MD
LG