Пайвандҳои дастрасӣ

Ду сарбози озарӣ дар марзи Қаробоғ кушта шуданд


Вазорати дифоъи Озарбойҷон ҳалокати 2 сарбозаш дар марз бо вилояти умдатан арманинишин ва ҷудоихоҳи Қаробоғро эътироф кард. Ҳарду ҷониб масъулияти шурӯъи задухӯрдро ба дӯши ҳамдигар бор мекунанд. Ин дуввумин мавриди даргирӣ дар марзи Қаробоғ дар ҳафтаи ҷорист. Рӯзи панҷшанбе Боку хабар дод, ки дар ин минтақаи баҳсӣ 2 сарбози озарӣ ва 3 арманӣ кушта шуданд. Аммо нирӯҳои Қаробоғ, ки аз сӯи Арманистон пуштибонӣ мешаванд, ҳалокати асокираш дар он даргириро радд карданд. Қаробоғ дар авоили солҳои 90 худро аз Озарбойҷон мустақил эълон кард, вале музокирот ба манзури таъйини мақоми ин минтақа 16 сол боз натиҷа надодааст.
XS
SM
MD
LG