Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши дуввум дар Буйноқск бидуни талафот буд


Мақомоти амниятии Доғистон мегӯянд, ҳамлаи бомбгузори маргталаб ба пойгоҳи низомии артиши Русия дар наздикии шаҳри Буйноқск, тақрибан 50-километрии пойтахти Доғистон – Махачқалъа мунҷар ба ҳалокати 5 сарбоз ва ҷароҳат бардоштани 35 тани дигар шуд. Ба гуфтаи мақомот, ҳамлагар мошини бомбгузоришударо болои сарбозони сафороста рондааст. Баъди чанде, дар пайи ба маҳалли таркиш расидани муфаттишон, як бомби рӯироҳ низ мунфаҷир шуд. Вале бар асари таркиши дуввум касе осеб надидааст.
Тирандозиҳову бомбгузориҳо дар Қафқози шимолӣ, аз ҷумла дар Доғистон дар ин авохир рӯ ба афзоиш овардааст.
XS
SM
MD
LG