Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии хабарнигори ҷопонӣ аз асорат дар Афғонистон


Матбуоти Ҷопон имрӯз хабар дод, ки як журналисти ҷопонии аз сӯи Толибон дар шимоли Афғонистон рабудашуда баъд аз 5 моҳи асорат раҳо ёфтааст. Як хабаргузории ҷопонӣ аз қавли дипломатҳо навишт, хабарнигори мустақил Косукэ Тсунеока, ки аз моҳи апрел ба ин сӯ нопадид шуда буд, феълан таҳти ҳимояти сафорати Ҷопон дар Кобул қарор дорад.
Намояндаи вазорати хориҷаи Ҷопон дар Токио аммо аз ташреҳи ин хабар худдорӣ кардааст.
Баъд аз суқути давлати Толибон тавассути эътилофи таҳти раҳбарии Амрико дар соли 2001 гурӯҳҳои ҷиноӣ ва ҷангиёни толиб даҳҳо хориҷӣ ва аксаран хабарнигоронро рабудаанд.
XS
SM
MD
LG