Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози парвандаи ҳодисаи Хуҷанд


Додситонии вилояти Суғд, дар мавриди таркиши субҳи ҷумъа дар шаҳри Хуҷанд, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ин парванда бо иттиҳоми даҳшатафканӣ, куштор ва истифода аз зӯр алайҳи намояндагони давлат боз шудааст. Дар натиҷаи ин ҳодиса 3 нафар кушта ва 28 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Бино ба иттилои хабаргузории ИТАР-ТАСС, фарзияе ҳам вуҷуд дорад ва таҳқиқ мешавад, ки ҳамлагари маргталаб узви Ҳаракати исломии Узбакистон будааст.

Бар асари ин таркиш, худи ҳамлавар ва 2 корманди милиса кушта, 26 маъмури дигари милиса ва 2 нафари мулкӣ ҷароҳатҳои мухталиф бардоштанд.

Ҳамзмон раёсати кумитаи амнияти миллӣ дар вилояти Суғд тайи интишори варақаи иттилоотӣ аз оғози парванда алайҳи созмондиҳандагони хабар дода, аз шаҳрвандон дар мавриди ошкор кардани ҳуввияти онҳо кӯмак хостааст.

Ин таркиш ҳудуди соати 8 субҳ рӯзи 3-уми сентябр ба вуқӯъ пайваста аст. Як мошини тамғаи "Волга" бо суръат ба дарвозаи шӯъбаи мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ворид шуда ва таркид.

Нақли шоҳидони ҳодиса

Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, таркиш дар назди бинои идораи шӯъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккил дар Хуҷанд наздики соати 8-и субҳи 3-юми сентябр ба ҳадде сахт буд, ки шикастапораҳои автомобил то садҳо метр парида, шишаи тирезаҳои биноҳои атроф то ҳудуди 500 метр шикаста, фурӯ рехтааст.

Як фарроши беморхонаи бемориҳои дил, воқеъ дар тақрибан дар дусадметрии ҷойи таркиш дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, садои баланд ба гӯшаш расид ва аз зарби шикастапорае қисме аз сақфи як палатаи бемористон ва шишаҳои тирезаҳо фурӯ рехт.

«Ман савори «маршрутка» беморхона мерафтам. Милисаҳо назди пули нав моро доштанд. Одамон мегуфтанд, ки шӯъбаи 6-умро тарконидаанд» - мегӯяд мусоҳиби дигар.


Хабарҳои мухталиф дар бораи шумори қурбониён

Табибони беморхонаи Хуҷанд мегӯянд, дар натиҷаи таркиш дар назди бинои шуъбаи 6–уми милиса ҳудуди 30 нафар аз кормандони интизомӣ маҷрӯҳ шуда, 2 милисаи захмӣ дар ин беморхона ба ҳалокат расидаанд.

Дар ибтидо овозаҳои мухталиф дар мавриди шумораи кушташудагонро мунташир шуда буд, ки ахиран бо эълони вазорати дохилаи кишвар роҷеъ ба теъдоди кушташудагон ба ин масъала хотима гузошт.

Бегоҳи рӯзи 3 -юми сентябр як қурбонии таркиш – Аюбҷон Маҳкамов, корманди шӯъбаи минтақавии мубориза ба ҷиноятҳои муташаккилро ба гӯристони маҳаллаи масҷиди Сурхи Хуҷанд бо иштироки раиси шаҳр ба гӯр супурданд.

Дар ҳамин ҳол, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар рӯзи вуқӯъи ҳодиса, комиссюни вижаеро барои баррасии ҳодисаи таркиши Хуҷанд таъсис дода, ки Амирқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон ба он раҳбарӣ мекунад.

Ин камиссюн иборат аз муовинони ниҳодҳои амниятӣ ва интизомӣ ба Хуҷанд сафар кардааст.
XS
SM
MD
LG